Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотам дар Қирғизистон


Қирғизистон эълон кард, ки шанбеи 14-уми июн ба ёди нависанда ва давлатмард Чингиз Айтматов мотам мегирад. Айтматов рӯзи сешанбе дар синни 79 солагӣ вафот кард. Маросими видоъ бо Айтматов дар бинои филармонияи миллии Қирғизистон дар шаҳри Бешкек доир мегардад. Даҳҳо асари Айтматов дар гӯшаҳои мухталифи олам хонандаи худро пайдо кардаанд. Шояд асари аз ҳама машҳури Айтматов романи "Ҷамила" бошад, ки соли 1958 ба табъ расидааст. Дар ин асар ҳамсари як сарбоз ошиқи марди дигар мешавад.
Айтматов вазифаи сафири Қирғизистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва Юнеско-ро низ иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG