Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев бо Саркозӣ мулоқот мекунад


Имрӯз раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо як сафари корӣ дар Фаронса қарор дорад. Вай дирӯз вориди Париж, пойтахти Фаронса шуд ва қарор аст чанд мулоқотро бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла дидору гуфтугӯе бо ҳамтои фаронсавиаш Николя Саркозӣ доир кунад. Мавзӯи гуфтугӯҳо дар атрофи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ хоҳад буд. Ба ҳайати Назарбоев се раҳбари калони ширкатҳои саноатии кишвараш - Самрук, Казмунайгаз ва Казатомпром шомил ҳастанд.
XS
SM
MD
LG