Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ОРЕС роҷеъ ба бӯҳрони қимати нафт


ОРЕС гуфт, ки рӯзи 22 июн дар як нишасти кишварҳои содиркунанда ва масрафкунандаи нафт мавзӯи болоравии қимати тиллои сиёҳ баррасӣ хоҳад шуд. Арабистони Саъудӣ дирӯз бо ташаббуси баргузории чунин як нишаст садо баланд карда гуфт, ки қимати афзояндаи нафт як падидаи ноодилона мебошад. Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки ин ташаббус ҷолиб буда, ба қавли масъулини Кохи Сафед, намояндаи Вашингтон дар ин нишаст иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG