Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти нав дар Покистон


Ҳуқуқшиносону фаъолон аз саросари Покистон дар маркази шаҳри Мултон барои шурӯи раҳпаймоии дарозмуддате гирди ҳам меоянд, ки талаби дар вазифаҳояшон барқарор шудани қозиҳои аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф барканоршударо пеш меоранд. Ташкилкунандагони ин гирдиҳамоӣ мегӯянд, ки қарор аст намоишҳои эътирозии онҳо то охири ин ҳафта идома ёфта дар пойтахт, шаҳри Исломобод ҳам тавсеа ёбад. Ин даври нави эътирозҳои мухолифин дар Покистон баъди дар моҳи ноябр аз вазифа сабукдӯш шудани раиси додгоҳи олӣ ва дигар қозиҳо ва эълони вазъияти изтирорӣ дар кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG