Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ИМА ва Аврупо аз Русия


ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз Русия тақозо карданд, ки тамомияти арзии Гурҷистонро дар маҳдудаи дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда эҳтиром кунад. Чунин даъват дирӯз дар нишасти раҳбарони Амрикову Аврупо дар Словения садо дод. Дар баёнияи ин ду ҷониб изҳори умедворӣ мешавад, ки музокироти миёни Гурҷистону Русия дар фазои сулҳомез пеш хоҳад рафт ва моҷарои ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон ҳалли худро пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG