Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми марги эрониҳои ҷавон мавқуф гузошта шуд


Эрон гуфт, ки иҷрои ҳукми қатли ду ҷавонро, ки қабл аз 18-солагиашон даст ба куштор задаанд, барои як моҳ мутаваққиф мешавад. Хабаргузории ИСНО мегӯяд, тасмими мақомоти додгустарӣ ин шуд, ки барои хонаводаҳои маҳкумшудаҳо ва қурбониҳо фурсат дода шавад, то ки ба созише бирасанд. Хабари мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки масъули ҳуқуқи башари СММ аз Эрон тақозо кард, ки иҷрои ҳукми эъдоми чаҳор маҳкумшударо мутаваққиф кунад ва ин ду ҷавон аз феҳрасти ҳамин зиндониҳо мебошанд.
XS
SM
MD
LG