Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси донорҳои Косово


Комиссиюни Аврупо гуфт, ки имрӯз дар Бруссел конфронси донорҳо барои мусоидат ба ташкили давлати Косово баргузор мешавад. Омодагиҳо барои ташкили ин нишаст аз моҳҳо пеш шурӯъ шудааст. Косово моҳи феврал истиқлолияти худро аз Сербистон эълон кард ва аксари давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, на ҳама, ин истиқлолиятро ба расмият шинохтанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки тавассути баъзе сохторҳои ин ниҳод ба Косово ба мӯҳлати солҳои 2007 то 2011 - 395 миллион Евро кӯмак ироа мешавад.
XS
SM
MD
LG