Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарнигори ББСро Толибон куштанд"


Вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ки хабарнигори радиои ББС аз тири туфанги Толибон ба қатл расидааст. Гурӯҳи тафтишотии ин вазорат муайян кард, ки нишонаҳои марги Абдусамад Рӯҳонии 25-сола, ки ҳафтаи гузашта дар Ҳилманд ба қатл расид, ба кори дасти Толибон будани он ишора дорад. Вазорати дохила гуфт, ки ҷасади вай бо дастони пушти сар кардашуда ошкор шуд ва куштори вай аз ҷониби қотили ботаҷриба сурат гирифтааст. Қабл аз маргаш ин хабарнигор борҳо аз як фармондеҳи Толибон ҳушдори марг гирифта будааст.
XS
SM
MD
LG