Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои СММ аз Афғонистон


Намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон аз раҳбарияти ин кишвар қабули созиши наверо барои эҳёи муҷаддади ин кишвар тақозо кард. Дар изҳороти Кай Эйде омадааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба шеваи кӯмакрасонии Афғонистон, ки феълан амал мекунад, навовариҳо ҷорӣ кунад. Изҳороти мақоми СММ дар пешорӯи нишасти донорҳои Афғонистон дар Париж садо дод, ки қарор аст, дар ҷараёни он барои иҷрои барномаи нави рушди баъдиҷангии ин кишвар ихтисоси беш аз 50 миллдиард доллар тақозо шавад.
XS
SM
MD
LG