Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъватҳо аз Афғонистон дар арафаи нишасти Париж


Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон имрӯз аз ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои пуштибонаш даъват кард, ки дар мавриди эҳёи кишвар ба тавофуқи нав даст ёбанд. Дар як изҳорот Кей Ейд гуфтааст, ки "ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди тарзи ироаи кумак ба кишвар, ба вижа, дар робита ба ироаи кумаки молӣ бояд бештар собитқадам бошад".

Имрӯз Бонки ҷаҳонӣ низ изҳор намуд, ки дар Афғонистон бояд давлати пурсамар бунёд ва рушди иқтисодии он таъмин шавад. Ин ниҳоди молӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дар ин роҳ ба Афғонистон кумак намояд.
Изҳороти намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ва эъломияи Бонки ҷаҳонӣ дар арафаи Конфаронси кумак ба эҳёи Афғонистон пахш шуданд, ки қарор аст рӯзи панҷшанбе дар Париж шурӯъ шавад. Ҳукумати Афғонистон дар ин нишаст барномаи эҳёи кишвар барои панҷ соли ояндаро пешниҳод мекунад, ки татбиқи он 50 миллиард долларро тақозо дорад.

XS
SM
MD
LG