Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон хостори ташреҳи додгоҳ шуд


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия имрӯз гуфт, ки Додгоҳи Қонуни асосии кишвар тасмими худ оид ба лағви қарори ҳукумат дар мавриди иҷозаи бо рӯсарӣ ба мактаб рафтани духтаронро ташреҳ кунад. Ҳукми додгоҳ дар бораи лағви тасмими ҳукумат ҷиддитарин зарба ба Ҳизби адолат ва рушди Туркияи таҳти сарварии Эрдуғон дар шаш соли сари қудрат будани ин ҳизб маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, Ҳизби адолат ва рушди Туркия бо вуруди тағйири илова ба қонун ба занону духтарон иҷоза дод, ки бо русарӣ ба донишгоҳ раванд. Ин илова ба қонун боиси норозигии нерӯҳои ҷонибдор аз ҷомеъаи дунявӣ ва низомиёни турк гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG