Пайвандҳои дастрасӣ

Захираи чаҳор кони гази табиии Тоҷикистон, ки "Газпром" муҷаввизи ду кони онро соҳиб шудааст, ба се триллион метри мукааб газ баробар аст.

Масъулини ширкати «Газпром»-и Русия мегӯянд, барои анҷоми амалиёти ҳафру истихроҷ дар чаҳор кони гази табиии Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Валерий Голубев, муовини раиси ширкати «Газпром», ки 10 июн пас аз мулоқоташ бо Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз дарёфти муҷаввизи амалиёти кашфу истихроҷ дар ду кони гази табии Тоҷикистон хабар дод. Аммо гуфт, қарор аст, пас аз сафари расмии нахустини Дмитрий Медведев, Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия ба Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ ба Душанбе, ин ширкат муҷаввизи анҷоми амалиёти кашфу истихроҷ дар ду кони бузурги гази табиии Тоҷикистонро дарёфт кунад.

Оқои Голубев таъкид кард, ки ҳарчанд муҷаввизи кашфу истихроҷи конҳои гази Тоҷикистон зиёд аҳамият надорад, вале барои анҷоми расмиёт муҷаввизи кашфу истихроҷи чаҳор кони гази Тоҷикистонро ба даст хоҳанд овард: «Мо бо манзури кашфи майдонҳо ва теъдоди чоҳҳои газ ва амиқи онҳо тахминан баршумурдем, ки барои кашфу истихроҷ дар чаҳор кони гози табии Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Аммо ҳануз дар мавриди бунёди корхонаҳои коркарди газ ва лулаҳои итқоли он рақами мушаххасеро гуфта наметавонем, ин барои баъд аст. Ва ширкати Газпром маблағеро, ки барои анҷоми амалиёти кашфу истихроҷи гази ин конҳо сармоягузорӣ мекунад, асоси сармояи корхонаи муштарак хоҳад шуд, яъне арзиши конҳо саҳми Тоҷикистон ва сармояи барои кашфу истихроҷ харҷкардаи Газпром саҳми ин ширкат дар корхонаи муштараки тавлид гази табиӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд».


Муовини раиси ширкати Газпром ҳамзамон афзуд, агар захираи чаҳор кони гази табиии Тоҷикистон коркард шавад, тавлиди 2 миллиард метри мукааб газ дар сол имконпазир хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба гази табиӣ 800 миллион метри мукааб дар сол аст.

Аммо муовини раиси ширкати «Газпром» санаи дақиқ ва ё тахминии анҷоми амалиёти кашфу истихроҷ ва мавриди истифода қарор гирифтани конҳои гази Тоҷикистонро нагуфт, ва далел овард, ки сабаб мавқеи мушкили ҷуғрофии ин конҳо аст.


Ин дар ҳолест, ки дар ду соли қабл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати Газпром пешниҳод карда буд, ки бунёди се нирӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшонро сармоягузорӣ кунад. Ва дар зимн оқои Раҳмон ба масъулини ин ширкати русӣ ваъда дода буд, ки бар ивази бунёди ин нирӯгоҳҳо ба «Газпром» иҷозаи гузаронидани амалиёти ҳафру истихроҷ дар конҳои бузурги гази табиии кишварро хоҳад. Вале дар сӯҳбате, ки муовини расии ширкати «Газпром» бо хабарнигорон дошт, аз мавзӯъи самоягузорӣ барои бунёди нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ёдоварӣ нашуд.


Дар ҳамин ҳол Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик мегӯянд, иқдоми сармоягузории «Газпром» ба кашфу истихроҷи конҳои гази Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ширкатҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла ширкати байналмилалии нафту гази «Тетис Петролиум ЛТД» тасмими сармоягузорӣ ва анҷоми амалиёти ҳафриёт ва иктишофӣ дар конҳои нафту гази Тоҷикистонро гирифтааст.


Бар тибқи иттилои Бунгоҳи геоложии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон захираи 231 миллиард метри мукааб гази табиӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми бештари он дар қаламрави Тоҷкистон мебошад. Вале ширкати «Газпром»-и Русия, ки муҷаввизи чаҳор кони бузурги гози табии Тоҷикистон, бо шумули Сариқамиш, Шоҳамбарӣ, Ренгон ва Саргазонро ба даст овараданист, мегӯяд, тибқи маълумоти дардастдошта танҳо захираи ин чаҳор кон ба се триллион метри мукааб газ баробар аст.

XS
SM
MD
LG