Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти ИМА-Иттиҳодияи Аврупо


Нишасти Амрико ва Итиҳодияи Аврупо имрӯз дар як қаср дар канори шаҳри Люблана, пойтахти Словения бо суханронии Ҷорҷ Буш шурӯъ шуд. Словения раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад. Ҷорҷ Буш раҳбарони кишварҳои аврупоиро барои кумаки бештар ба Афғонистон, таҳкиими фишор болои Эрон ва ба ҳамкорӣ дар тағйири иқлим даъват кард. Дар тарҳи баёнияи муштараки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки агар Эрон аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ даст набардорад, Вошингтон ва Брюсел ба изофаи таҳримҳои Созмони Милал алайҳи ин кишвар таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ хоҳанд кард.

Ин бегаҳ Ҷорҷ Буш вориди шаҳри Месеберги Олмон шуда бо канслер хонум Ангела Меркел мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG