Пайвандҳои дастрасӣ

Аз чанд сол қабл ба ин сӯ кишварҳое, ки аз воридоти маводди сӯхт вобастагии шадид доранд, саъй мекунанд, аз роҳи ихтироъи манбаъҳои нав ва дастрасӣ ба энержии алтернативӣ камбуди онро ҷуброн кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳукумат кӯшиш дорад, ки Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро такмил намояд. Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ нархи кунунии нафту газ истихроҷи энержӣ аз бодро фоидаовар кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Жопун мақомоти кишвар ба тавлиди нерӯи барқ аз ҳидрогену оксиген таваҷҷуҳ кардаанд, ки партоби он об аст.
Дар ҳоле, ки нархи нафту гоз дар ҷаҳон ба таври бесобиқа боло рафта, аҳли оламро ба ташвиш овардааст, дар Жопун (Япония) ҳазорҳо хонавода барои равшану гарм кардани хонаҳояшон аз қуттиҳои хонагии сӯхтӣ, яъне қуттӣ ё худ ҷаъбаҳои хурди тавлиди энержӣ истифода мебаранд.
Қуттии сӯхтиро ҳанӯз соли 2005-ум, аввалин шуда, сарвазири Жопун дар хонааш ҷой дод. Имрӯз тақрибан 3000 хонаводаи жопунӣ дар хонаҳояшон ҳамин гуна қуттиҳои тавлиди дохилии энержиро насб намуданд.
Ҳадаф аз ин лоиҳа ташвиқи тавлиди энержӣ аз ҳидрогену оксиген мебошад, ки барои ҳифзи муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз гармшавии сайёра муҳим аст.
Усули тавлиди ин навъи нерӯ дар асри 14 ихтироъ шудааст, вале амалан бори нахуст соли 1965 дар киштии кайҳонии «Ҷеминӣ 5»-и ИМА мавриди истифода қарор гирифта буд.
Акнун дар хаймаи хонаводаи ин духтараки кӯчии афғонистонӣ низ ҷаъбаи сӯхтӣ насб кард
Ноибпрезиденти ширкати «Ниппон Ойл» Мичиҳиро Моҳрӣ мегӯяд, дар ҳуҷраҳои сӯхтӣ бар асари аксуламали оксигену ҳидроген нерӯи барқ ва оби гарм тавлид мешавад. Моҳрӣ ташреҳ медиҳад, ки оксигену ҳидроген аз гази табиъӣ ва дигар анвоъи маводди сӯхт истихроҷ мешавад.Ба қавли Моҳрӣ, ҳидрогени заруриро метавон аз манбаъҳои мухталиф, ҳатто аз партобҳо, истихроҷ намуд.
Қуттиҳои сӯхтӣ партоби гози карбондиоксид надоранд. Аммо дар ҷараёни истихроҷи ҳидроген барои тавлиди энержӣ эҳтимол миқдори ками карбон диоксидро, ки масъули гармшавии ҳаво ба шумор меравад, ба муҳити зист хориҷ намоянд.
Аз он ҷое, ки тавлиди нерӯи барқ ва оби гарм дар дохили қуттиҳои сӯхтӣ дар ҷараёни омезиши ду гоз пайдо мешавад, қуттӣ ба муҳаррик эҳтиёҷ надорад, яъне садое намебарорад ва ҳангоми офатҳои табиъӣ тавлиди нерӯи барқро қатъ намекунад.
Жопун кишварест, ки дар он зилзилаву дигар офатҳои табиъӣ зиёд ба вуқӯъ мепайванданд ва тавлиди бидуни таваққуфи нерӯи барқ имтизи ба қадри кофӣ бузург аст. Аслан Жопун кишварест, ки аз воридоти маводди сӯхт вобастагии бузург дорад. Аз ин рӯ, дар ин кишвар таваҷҷуҳи хоссе ба таҳқиқу рушди соҳаҳои алтернативии тавлиди нерӯ ҷалб мешавад.
Дар ҳоле, ки нархи як баррел нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 130 доллари ИМА бештар шудааст, тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои алтернативӣ шояд таваҷҷуҳи кишварҳои дигарро низ ба худ кашад.
Дар Жопун 48 миллион хонавода вуҷуд дорад, ки 25 миллиони он дар хонаҳои хусусӣ иқомат доранд. Ҳукумати ин кишвар пешбинӣ мекунад, ки дар чанд соли оянда тақозои солонаи қуттиҳои хонагии тавлиди нерӯи барқу оби гарм ба 550 000 адад хоҳад расид.
Албатта, инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки ҳозир нархи як қуттӣ ба тақрибан 19 000 доллар мебошад. Вале мақомоти жопунӣ ваъда медиҳанд, ки солҳои наздик қимати онро то 4-5 ҳазор доллар поин хоҳанд бурд, то мардуми миёнаҳол низ имкони харидории чунин манбаъи энержии арзону камзарарро пайдо кунанд.
Билахира, мошинсозони жопунӣ ҳам умед доранд, ки роҳе ёфта, аксуламали оксигену ҳидрогенро пурсамартар истифода баранд, то пасмондаи он фақат об бошад, на гозҳои ҳаворо гармкунанда.
XS
SM
MD
LG