Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Покистон ба "Толибон" кумак мекунанд?


Коршиносони ширкати RAND, як ниҳоди пажуҳишии вазорати дифоъи ИМА мегӯянд, дар мақомоти Покистон афроде ҳастанд, ки ба нерӯҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон кумак мекунанд. Дар гузориши вижаи таҳлилгарон гуфта шудааст, ки ҷунбиши "Толибон" аз кумаки бархе кормандони хадамоти кашфи Покистон бархурдор аст. "Афроди мусаллаҳ аз Покистон вориди қаламрави Афғонистон шуда бо нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО вориди даргирӣ мешаванд", омадааст дар гузориш.
Коршиносони амрикоӣ ҳадс мезананд, ки агар пойгоҳҳои "Толибон" дар Покистон маҳв нашаванд, Кобул аз ин баъд низ ба ташаннуҷи авзоъ дар кишвар мувоҷеҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG