Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ғуломон"-и узбакистонӣ озод шуданд


Дар вилояти Маскав 49 шаҳрванди Узбакистон, ки онҳоро як гурӯҳи ҷиноӣ чун ғулом истифода мекард, аз банд озод шуданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Русия, амалиёт барои раҳоии “ғуломон” аз як корхонаи саноатӣ рӯзи шанбеи гузашта доир гардид. Дар ин амалиёт ду гумонбар боздошт шуданд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Русия, шаҳрвандони Узбакистонро маҷбур мекарданд, ки бидуни ҳаққулзаҳмат аз 12 то 14 соат кор кунанд.

XS
SM
MD
LG