Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бернанке: Иқтисоди ИМА ба бӯҳрон мувоҷеҳ намешавад


Бен Бернанке, раиси Бонки Марказии ИМА мутмаин аст, ки иқтисоди Амрико ба бӯҳрони амиқ мувоҷеҳ нахоҳад шуд. Дар як нишаст дар Вошингтон ӯ гузориши ахири ҳукумат дар бораи вазъи иқтисодро ташреҳ кард. Дар ин гузориш, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, аз ҷумла, омадааст, аз моҳи апрел то мойи май сатҳи бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз 5 дар сад то 5-у ним дар сад боло рафт. Ин болотарин нишондоди афзоиши ҳармоҳаи бекорӣ дар бист соли ахир маҳсуб мешавад.

Бен Бернанке ин арқомро нигаронкунанда номид ва аммо изҳори итминон кард, ки иқтисоди ИМА мушкилиҳои феълиро паси сар мекунад.

XS
SM
MD
LG