Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Зойиров: «Ман хоҳиши вазифа накардаам, ман танҳо пешниҳод дорам»


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ
Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ

Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ва аз мухолифини ҳукумати ин кишвар, зимни ирсоли нома ба президент, пешниҳод кардааст, ки ӯ барои ду сол вазири адлия таъйин шавад.
Оқои Зойиров, ки интихоботи ахири президентӣ ва интихоби оқои Раҳмон ба ин мақомро ғайриқонунӣ хонда ва ҳамроҳ бо аъзо ва ҷонибдоронаш аз ширкат дар он худдорӣ карда буд, чаро якбора чунин нома навишта ва тағйири мавқеъ кардааст?
Ахиран раиси ҲСДТ Раҳматуллоҳ Зойиров зимни як нома ба Э. Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, пешниҳод кардааст, ки ӯро ба муддати 2 сол вазири адлияи кишвар таъйин кунад.
Мавқеъи ман дигар нашудааст. На мавқеъи ман, на мавқеъи ҲСДТ. Ман ҳозир ҳам дар ҳамин ақида ҳастам, ки интихоботbмоҳи ноябри соли 2006 ғайриқонунӣ буд. Президент Раҳмонов ғайриқонунӣ пешниҳод шуд. ҲХДТ ӯро ба ин мақом ғайриқонунӣ пешниҳод кард ва, аз ин ҷиҳат, дар он мавқеъ ман истодагарӣ мекунам, лекин мавқеъи ман нисбат ба президент Раҳмонов мазмуни онро надорад, ки мо манфиъати ҷомиъаро ё, мисол, пешрафту бохти дигар чизҳои ҷумҳуриро инкор кунем. Маълум аст, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб вуҷуд надорад, он шикаст хӯрдааст. Масоъили ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ, асоси буҳрони ҳама соҳаҳои зиндагии иқтисодиву иҷтимоъӣ ва дигар соҳаҳо ба ин чиз ҳам таъсир мерасонад. Дар ягон вақт сиёсати ҳуҳуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун имрӯза гирифтори буҳрон набуд. Дар ин ҳолати душвор бояд ҳар як шахс уҳдадории шаҳрвандии худро иҷро кунад. Ва ман, ҳамчун раиси ҳизби оппозитсионӣ (ҲСДТ), ҳамчун ҳуқуқшинос, ҳамин талабот ва ҳамин пешниҳодро кардам, ки, марҳамат, агар ба ман ҳамин вазифаи вазири адлияро дусола пешниҳод кунанд, ман бевосита нишон медиҳам, ки бояд вазорати адлия чи кор кунад.
- Ба ҳар сурат, Шумо бо оқои Раҳмонов кор карда будед ва ӯро то ҳадде шинохтед. Пас, вақте дар вазифаи мушовирӣ натавонистед ӯро ба ин ё он андеша мутақоид кунед, магар мешавад, ки вазири адлия шаведу вайро барои анҷоми ин ё он коре, ки, ба фикри Шумо, барои пешрафти Тоҷикистон сабаб мешавад, мутақоид кунед? Шумо фикр мекунед, ки дар ин чанд сол ӯ тағйир кардааст?
- Акнун дар ин чанд сол ӯ тағйир кардааст ё накардааст – ба ин баҳо додан бисёр мушкил аст. Лекин аз рӯи он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравие надорад ва идораи давлатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан амал намекунад, тақрибан вуҷуд надорад, аз рӯи функсияҳову вазифаҳои худиҷрокунӣ инро гуфтан (ба ин савол ҷавоб додан) бисёр мушкил аст. Ман бо хулосае меоям, ки, агар тағйир ёфта бошад, ба тарафи манфӣ тағйир ёфтааст, лекин он чизро гуфтан лозим аст, ки вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазорат бевосита бояд аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон, аз рӯи таъйиноту функсияҳои худ метавонад бевосита ва мустақилона амал кунад.
Вазири адлия мушовири давлатӣ ё мушовири калони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, ки пурра аз президент вобаста бошад. Агар вазири адлия дар чорчӯбаи сарқонун ва қонунҳо мустақилона амал карда тавонад ва ӯ имкониятҳои лозимаро дар даст дошта бошад, бисёр корҳоро карда метавонад.
Ман дар муроҷиъати худам бевосита ҳамин талаботҳоро гузошта будам. Якум, агар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конститутсияро риъоят кунад, дуюм, дар ду сол ислоҳоти вазорати адлия, ислоҳоти сиёсати ҳуқуқиро эълом намояд ва, сеюм, ин масъалаҳо, ин иродаи сиёсӣ дар актҳои норматививу ҳуқуқӣ мушаххас инъикос ёбад... Дар ин ҳолат ман, ҳамчун вазири адлия, бевосита метавонам кумак кунам, ки чунин вазорат, масалан, он чиро, ки дар дунёи муосир метавонад иҷро кунад, дар Тоҷикистон ҳам роҳандозӣ шавад.
- Яъне, Шумо тақозо доред, ки давоми 24 моҳ барои вазорати адлия мустақилияти бештар дода шавад , барои мисол, дар муқоиса бо вазорати кишоварзӣ ва ё вазорати маориф? Яъне, Шумо мехоҳед мақоми алоҳида дар ҳукумат ташкил кунед?
-Не, албатта. Он чизе, ки барои вазорати адлия талаб дорам, ин маънои онро надорад, ки барои ин вазорат мустақилияти махсусро диҳад. Ман як чизро гуфта метавонам, ки , агар ба кори вазорат ғайриқонунӣ дахолат накунанд ё фаъъолияташро маҳдуд насозанд. Дар ин ҳолат ҳамин вазорат бевосита ҳамчун як мақоми ҳуқуқӣ вазифаҳои худро ба ҷо оварда метавонад.
- Дар ҳоле, ки сарвазир дар Тоҷикистон он қадар нақши муассир надорад, наметавонад, ки барои худаш як ёваре таъйин кунад. Шумо талаб доред, ки ба вазорати адлия мустақилият бидиҳанд, то босамар кор кунед. Ба назари Шумо ин имконпазир мебошад?
Раҳматуллоҳ Зойиров дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ, Душанбе, 7.6.2008
- Дар ҳақиқат, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон мақом надорад, ваколат надорад. Лекин ҳамчун вазири адлия бисёр корҳоро, дар ҳақиқат, анҷом додан мумкин аст. Хусусан, дар он соҳаҳое, ки бо сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошанд. Мисол, ҳама қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосаи вазорати адлия пешниҳод карда мешаванд – бидуни хулосаи вай мумкин нест. Ҳар як лоиҳае, ки пешниҳод мешавад, актҳои нормативии ҳама вазоратҳо дар вазорати адлия бояд ба қайд гирифта шуда, баҳогузорӣ шаванд. Агар, мисол, вазорати адлия аз рӯи қонун, аз рӯи конститутсия онро дуруст баҳо дода тавонад, ягон акти ғайриқонунӣ ба қайд гирифта намешавад. Дар соҳаи мураттабсозии қонунгузорӣ, такмил додани системаи қонунгузорӣ, техникаи қонунгузорӣ, ба қайдгирии шахсони воқеъӣ ва юридикӣ, рушди мисол, низоми ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайраро вазорати адлия бевосита анҷом дода метавонад.
Чанд мақомоти дигар (мисол, вазорати корҳои дохилӣ ё агентии зидди коррупсия) ҳам бо оқибати ҳуқуқвайронкунӣ мубориза мебаранд. Ба ақидаи ман, вазорати адлия метавонад бевосита яке аз ҳамоҳангсозони амалигарднонии сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон бошад, то кор дар ин самт муассиртар бошад.
- Дар ҳоле, ки , агар рисолати вазорати адлия ин қадар муҳим аст ва дар ҳоле, ки танҳо Шумо ва ҲСДТ оқои Раҳмонро ҳамчун президент ғайриқонунӣ меҳисобед, чи гуна чунин тасмим гирифтед, ки ӯ сарварии вазорати адлияро ба Шумо диҳад? Магар ба чунин як рақиб метавонад президент бовар карда, вазифаи хеле муҳимро бидиҳад?
- Ягона мақсади ман корҳои ҳуқуқии давлати Тоҷикистонро, хусусан сиёсати ҳуқуқии онро, хуб кардан аст. Ин як тарафи масъала. Аз дигар ҷиҳат, вазорати адлия ҳозир вазорати қисман қудратӣ мебошад, ва ин аз ҷиҳати сиёсати ҳуқуқӣ бисёр муҳим аст.
Ба назари ман, дар соҳаи ҳуқуқӣ аз ҷониби президент қариб ягон мутахассисе, ки довталабона масъулияти вазорати адлияро бар дӯш гирифта ва дар ҳақиқат кору фаъъолияти онро босамар ба роҳ монад, нест. Ва боз як чизро гуфтан лозим аст. Вазорати адлия то дараҷае, ки нақши он дар давлати ҳуқуқбунёд бояд бошад ва барои чун дигар давлатҳои пешрафта вазорати адлияи Тоҷикистон ҳам як нақшу мақоми худро дар ҷомиъа гирад, меҳнати зиёд кардан даркор аст. Ин кори пурмашаққат аст. Ман бевосита ҳамин масъулиятро ба зиммаи худ гирифтам, ки, агар душвор бошад ҳам, ин вазифаро пеш бурдан даркор. Агар имрӯз вазорати адлияро иҷрои он нақше, ки дар давлати ҳуқуқбунёд бояд бозад, лозим аст, фикр мекунам, 20-30 фоизашро иҷро намекунад. Лекин дар давлати ҳуқуқбунёд вазорати адлия бояд мақоми аввалинро дошта бошад – аз ҷиҳати ҳам ҳуқуқӣ, ҳам қудратӣ. Агар, барои мисол, Америка ё Британияи кабирро гирем, дар онҷо, дар ҳақиқат, вазорати адлия нақши муҳимро мебозад. Дар Америка, масалан, ҳамон ФБР дар сохтори вазорати адлия ҳаст, лекин мо нақши вазорати адлияро то он дараҷа бардошта наметавонем, ҳарчанд вазорати адлия, хусусан аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, боло бардоштан ва нақши вайро дар ҷомиъаи ҳуқуқбунёд як нақши калидӣ сохтан, вазорати муҳимтарин ва ба ҳамин нақш бардоштан, албатта, ин вазифаи ҳар як ҳуқушинос мебошад ва ман ҳам, ҳамчун ҳуқуқшинос, ҳамчун раиси ҳизби оппозитсионӣ, хоҳишманди он ҳастам, ки вазорати адлия ҳамин нақшро бозида тавонад.
- Масалан, агар гӯянд, ки ҲСДТ-ро пароканда кунед ва ё аз баҳри он бароед, ва танҳо бар ивази ин бар вазифаи вазири адлия даст хоҳед ёфт...
- Не, албатта, ман ба ин розӣ намешавам. Якумаш, барои онки, ҳар вақте талабот ва ё тақозои анҷоми амали ғайриқонунӣ ва ғайриконститутсионӣ пеш меояд, ман онро ҳеҷ вақт накардаам ва намекунам. Дувум, бори дигар такрор менамоям, он гуна ки Қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ муқаррар кардааст, ягон коргари вазорати адлия (на танҳо вазири адлия) раиси ҳизб шуда наметавонад. Ман тарафдори онам, ки ҲСДТ доим устувор бошад, намояндаи ҲСДТ як мақоми муҳимро идора карда тавонад ва нишон диҳад, ки аъзои ҲСДТ ҳам дар ҷомиъа як нақши бузургро иҷро карда метавонанд. Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки ман, дар вазифаи вазири адлия буда, узвиятам дар ҲСДТ-ро боз дошта метавонам, вазифаи раиси ҲСДТ-ро дигар намояндаи ҳизб иҷро хоҳад кард.
- Ба ҳар сурат ин чиз ҳам далел аст бигӯем, ки ҳизб дар Тоҷикистон на он ҷоест, ки аз вай метавон чизеро интизор буд. Бо ин, ки Шумо раиси ҳизб ҳастед, чун дидед, ки кори ҷиддитаре карда намешавад, талош доред, ки ба вазорат биёед, ҳамин тавр аст?
-Не, ин тавр нест. Ман ҳозир дар ду ҳолат ҳастам. Якум, ҳамчун сиёсатмадор, ҳамчун раиси ҲСДТ, агар дар Тоҷикистон ҳолати сиёсати ҳуқуқӣ беҳтар мешуд, сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё парламети Тоҷикистон ё бевосита ҳамин вазорати адлия бе чуну чаро вазифаи худро иҷро карда метавонист, ман талабгори вазири адлия будан намешудам. Ман бевосита ҳамчун раиси ҲСДТ амал мекардам. Лекин, аз дигар тараф, ҳамчун ҳуқуқшинос инро пешниҳод карда истодаам, ки ҳар чизи аз дастам ояндаро барои пешравиву рушди Тоҷикистон хизматамро ба мардуми кишвар адо кунам. Аз дигар ҷиҳат, дар ин масъала бояд ҳаминро таъкид кунам, ки ҳам маро, ҳам ҳизбро танқид карда гуфтанд, ки Шумо доимо ба танқид машғул ҳастед, камбудиро нишон медиҳед, лекин худатон дар ягон мақом амалан нишон дода натавонистед; ҳатто ба ман мегуфтанд, ки ҳамчун мушовири калони президент худатонро нишон дода натавонистед. Барои он, ки ин хел танқидҳо ҳам вуҷуд доштанд, яке аз мавзӯъҳои баҳс ё мавзӯъи пешниҳоди ман ҳамин аст, ки ҳамчун ҳуқуқшинос дар ҳамин соҳа, дар ҳамин мақом ман бояд нишон диҳам, ки раиси ҳизби оппозитсионии ҲСДТ аз уҳдаи иҷрои вазифаи вазири адлия баромада метавонад.
- Пешниҳоди Шумо аллакай чанд вақт пеш садо дод. Аз ҷониби мақомот дар мавриди ин пешниҳодатон ягон вокуниш шуд?
-Як чизро таъкид кунам, ки ман бевосита ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон охирҳои моҳи май муроҷиъат кардам. Ман он вақт гуфта будам, ки ҳоло муроҷиъат карданӣ ҳастам. Ҳамон вақт гуфта будам, ки баъди бозгашт аз Варшава ва Маскав дар ин робита расман муроҷиъат хоҳам кард. Ва ҳамин хел муроҷиъат кардам. Лекин то имрӯз ба ин муроҷиъати ман акси садо нашудааст. Ҳаминро таъкид карданиам, ки ҳар як муроҷиъат аз рӯи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиъати шаҳрвандон бояд, ки ҳатман баҳо дода шавад. Яъне, дар моддаи 12-и ин қонун гуфта шудааст, ки ба муроҷиъати шаҳрванд дар давоми то як моҳ ҷавоб додан лозим аст.
- Аз тарафи дигар, лутфан, ба пешниҳоди худ аз ҷанбаи ахлоқӣ баҳо диҳед, агар ҳар кадоме аз роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ҳамин тавр дархост пешниҳод ё даъво кунад, ки ӯро президент ба ягон мансабе таъйин кунад, ин амал чи натиҷа ба бор меорад? Аъзои ҳизб ва ҷомиъа чи мегӯянд? Яъне, бояд танҳо ғами шахси худро хӯранд?
- Инҷо як чизро мехоҳам бигӯям. Якум, ҳоло ягон раиси ҳизб чунин пешниҳодро накардааст ва ин як пешниҳоди истисноӣ аст. Дувум, бо кадом сабаб пешниҳод карданамро ман гуфтам. Ин, албатта, бо дар назар доштани вазъи сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аст – дар дигар ҳолат пешниҳод намекардам. Севум, дар ҳақиқат, инҷо нозукии ахлоқӣ вуҷуд дорад, бе ин нест. Лекин гуфтан лозим аст, ки мақсади асосии ман барои ҳукумат хизмат кардан нест, барои мардуми Тоҷикистон ва давлати Тоҷикистон хизмат кардан аст ва дар ин ҳолат якҷоя бо ҳукумати Тоҷикистон сиёсати солими ҳуқуқиро пеш бурдан аст. Ва дар оянда, вақте дигар раисони аҳзоби сиёсӣ, барои мисол, тақлид мекунанд, бамаврид ё бемаврид пешниҳодҳое мекунанд, дар ҳақиқат, аз ҷиҳати ахлоқӣ ба ин дигар хел баҳо додан мумкин мебошад. Лекин дар он ҳолате, ки ин ё он раиси ҳизби сиёсӣ, ки дар ин ва он соҳае, ки, воқиъан, вай мутахассиси хуб бошаду ҳамин вақт ҳамин чизро пешниҳод кунад, ман фикр мекунам, ки ба ӯ ин имкониятро додан лозим мебошад.
- Аз тарафи дигар муборизаи сиёсӣ чи хоҳад шуд? Ё шумо дар интихоботи оянда ҳам ҳеч ҷое ба даст намеорад ва роҳ фақат аз президент талаб кардани кадом як вазифа мешавад?
- Не. Албатта, не. Аввалаш ҳамин чизро мегӯям, ки бо ҳар намуд ва ҳар шакл дар ҷомиъа мавқеъ гирифтан барои ҳизби сиёсӣ ва шахсият ҳам ин муборизаи сиёсӣ аст. Ҳар як шахс ҳамчун мутахассис бояд мубориза барад, ки ӯро дар ҷомиъа эътироф намоянд. Махсусан, аз ҷониби рақибҳо низ. Бояд, ки мо дар ҳамин гуна ҷомиъа зиндагӣ кунем ва бо ин як анъана пайдо кунем, ки ҳатто рақибҳо ҳам дар муҳлати муайян ё дар ҳолати муайян ба рақибони худ имконият диҳанд, то онҳо ҳам дар ҷомиъа худро нишон бидиҳанд ва ё нишон дода тавонанд.
Лекин барои президент ва ҲХДТ ҳам як имконият пайдо мешавад, ки, марҳамат, барои Зойиров ҳамин вазифаро дода, лекин, барои мисол, то ҳамин дараҷа вазифадор кунанд, ки вай имконияти аз уҳдаи ин кор баромаданро надошта бошад. Барои имиҷи Зойировро паст задан ва ё дигар кор кардан барои онҳо бисёр имконияти хуб ҳам пайдо шуданаш мумкин. Ин ба он вобаста мешавад, ки то кадом дараҷа ва чи гуна Зойиров аз уҳдаи вазири адлия мебарояд ё намебарояд.
- Бубинед, як чиз боз ҳам нофаҳмо ҳаст, ки Шумо президентро ғайриқонунӣ эълом кардед, интихобашро низ ҳамин тавр эълом кардед. Хуб, президент бо кадом имзо фармони шуморо содир кунад? Яъне президент, ки фармони таъйини шуморо эълом мекунад, имзои худро гузорад ё чи хел имзо кунад, ки вай аз назари шумо ғайриқонунӣ аст? Пас шумо вазири адлияе мешавед, ки ғайриқонуниед ва боз ҳам шумо дар бораи ҳуқуқ ва қонун суҳбат мекунед?
- Дуруст аст. Ин масъала, дар ҳақиқат, дуруст аст. Лекин инҷо дигар масъала ҳам вуҷуд дорад. Вазорати адлия, новобаста аз қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани президенти Тоҷикистон, ҳоло ҳам амал мекунад. Вазорат, ҳамчун вазорат, аз рӯи конститусия ва аз рӯи қонунҳо амал карда истодааст. Ин як. Масъалаи дувум. Вақте, ки вазири адлияро таъйин мекунанд, ин як дараҷа қисми юридикии масъала аст. Аз дигар ҷиҳат, вақте ин пешниҳодро кардам, ки дар амал ҳамин чизро нишон дода метавонам, майлаш, дар ҳуҷҷатҳои ман кори ман дар вазорат ҳамчун таҷриба ва собиқаи корӣ нишон дода нашавад. Ман ба ин ҳам розӣ ҳастам. Лекин ҳамчун вазифа ҳамин чизро иҷро кунам, ки ҳамин вазорати адлия аз мавқеъи худаш, аз қонунгузории Тоҷикистон истифода карда, Тоҷикистонро пеш бурда тавонад.
- Хуб, мо фаҳмидем, ки Шумо кори вазорати адлияро хуб мекунед, ҳама созмонҳои байнулмилалиро ба қайд мегиред, аҳзобу созмонҳоро ба қайд мегиред ва корҳои хуб мекунед. Лекин фармони худро президет чи гуна имзо кунад, ки ӯро шумо ғайриқонунӣ гуфтаед?
- Ман гуфта истодаам, ки вақте маро ба ин вазифа таъйин мекунанд, ҳамчун акти нормативӣ, акти индивидуалӣ ва меъёри ҳуқуқӣ таъйин мекунанд, ин чиз шаклӣ аст. Моҳиятан кор кардан, моҳиятан бевосита амалӣ гардонидани вазифа худ бевосита аз уҳдадории шаҳрвандӣ бармеояд ва ин чизро иҷро кардан аз меъёри ҳуқуқӣ болотар меистад.
- Ба ҳар навъ хатти сиёсие, ки эълом кардед, усули сиёсие, ки барои ҳизбатон пеш гирифтед, Шумо инро фақат ба хотир инки вазири адлия мешавед, қурбон кардед. Масалан, шумо 6 000 ё 4 000 нафар узв доштед, онҳоро гуфтед, ки ин президент ғайриқонунӣ аст ва онҳо, агар ҳар кадоме 3-4 нафар тарафдор ва аъзои ойила дошта бошанд, ҳамагӣ ба ин фикри шумо мутақоид шуданд ва имрӯз шумо ғайримунтазира барои ҳама хоҳиш карад истодаед, ки шуморо маҳз ҳамин одам вазифа диҳад, пас чи хел метавон ба ҷомиъа фаҳмонид, ки мардум ҳадафашон вазифагирӣ нест, ҳадафашон ба давлат кор кардан аст?
- Як чизи одӣ. Одӣ барои онки, нахуст, ман хоҳиш накардаам, ман пешниҳод дорам. Барои иҷро карадани вазифае, ки ҳозир, ҳамин ҳоло ва дар ҳамин давра барои ҷумҳурӣ лозим аст (агар ҳамин чиз ҳозир барои ҷумҳурӣ лозим набуд, он вақт маро гуфта метавонистанд, ки вазифаталаб будааст). Аммо ман танҳо ду сол пурсидам. Ман чаро аз ду сол зиёдтар талаб накардам? Барои онки аз ду сол зиёд дар ин соҳа ҳамин кору фаъъолиятро бурдан қариб, ки ғайриимкон аст. Дар ду сол ҳама қувва ва ҳама потенсиале, ки одам дорад, вай ҳамаашро сарф мекунад. Имконияти аз ин зиёдтар кор кардан дар ин ҳолате, ки ҳозир дар Тоҷикистон омадааст, кор кардан ғайри имкон аст. Барои ҳамин ман дар ду сол ҳамаи малакаи касбиву қувваи зеҳнии худро дар вазорт сарф карданиам ва баъд аз ду сол аз мансаб меравам.
- Ва боз ҳам меоед пеши ҲСДТ, ки шуморо раиси он интихоб кунанд?
- Барои чӣ не? Воқиъан, ман аллакай эълом кардам, ки дар ҲСДТ раис буданам ин охирин муҳлат аст.
XS
SM
MD
LG