Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико умедвори тасвиби созишнома бо Ироқ аст


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико гуфт, ки Вашингтон ҳамоно хоҳони тасвиби аҳдномаи амниятиаш бо Ироқ мебошад. Чунин қарордод ба Амрико иҷозаи фаъолият дар хоки Ироқро ҳатто баъди анҷоми ваколатҳои СММ дар Ироқ фароҳам меорад. Аммо ҳоло бо мақомоти Бағдод баъзе ихтилофи назарҳо дар ин замина вуҷуд дорад. Гейтс дар суҳбат бо хабарнигорон рӯзи душанбе гуфт, ки ИМА ба имзошавии ин аҳднома, ки чун созишномаи мавқеи нирӯҳо (SOFA) маъруф аст, умед мебандад. Эрон ҳам нисбати ин қарордод мухолифат нишон дода, онро чун таҳдид ба амнияти миллии кишвараш маҳкум кардааст. Рӯзи душанбе раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликиро, ки бо як сафар дар Теҳрон қарор дошт, алайҳи тасвиби созишномаи амниятӣ бо Амрико ҳушдор дод. Вай гуфт, ки муҳимтарин мушкили Ироқ ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар қаламраваш мебошад. Рӯзи якшанбе дар ҷараёни диду боздидҳояш аз Теҳрон Нурӣ Ал-Моликӣ дар баробари мақомоти баландпояи
Эрон гуфт, ки кишвари вай ҳеҷ гоҳ иҷоза нахоҳад дод, ки аз пойгоҳҳои низомиаш барои ҳамла болои Эрон истифода шавад.
XS
SM
MD
LG