Пайвандҳои дастрасӣ

Саъудия болоравии қимати нафтро ноодилона медонад


Арабистони Саъудӣ гуфт, ки дар кӯтоҳфурсат нишасти кишварҳои тавлидкунанда ва масрафкунандаи нафтро бо ҳадафи баррасии, ба қавли ин кишвар, болоравии ноодилонаи қиматҳо ташкил хоҳад кард. Ҳафтаи гузашта қимати нафт ба нишондоди рекордии худ, яъне 139 доллар барои ҳар бушка баробар шуд. ОРЕС мегӯяд, ки болоравии қиматҳоро назорат карда наметавонад, чунки ин ҷо далелҳои сиёсии мисли идомаёбии бӯҳрони сиёсии Ховари Миёна сабаб шуда метавонад. Арабистони Саъудӣ тавлидкунандаи бузургтарини нафт дар ҳайати ОРЕС мебошад, ки ҳақи иловагии якбора ва қобили назаррас боло бурдани мизони тавлидоти нафтро дорад.
XS
SM
MD
LG