Пайвандҳои дастрасӣ

UNFAO: Коҳиши маҳсулоти кишоварзии Афғонистон


Созмони ғизои Милали Муттаҳид (UNFAO) гуфт, ки имсол дар Афғонистон мизони тавлиди гӯшт коҳиш ёфта, боиси боз ҳам шиддат ёфтани вазъи камбуди ғизо дар ин кишвар мешавад. Як масъули ин созмон (Тескете Теские) дирӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, ки камии боришот боиси кам шудани мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ хоҳад шуд. Вай гуфт, саршумори чорво ҳам назар ба соли гузашта имсол 10 дар сад коҳиш хоҳад ёфт. Риштаи кишоварзӣ 53 % маҷмӯи маҳсулоти дохилии Афғонистонро ташкил дода, ғизои 80 % ҷамъияти ин кишвар аз маҳсулоти кишоварзӣ иборат аст.
XS
SM
MD
LG