Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Кӯмаки нирӯҳои хориҷӣ ҳанӯз зарур аст"


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ба кишвари вай ҳадди аққал 10 сол лозим мешавад, ки тавони ҳимояи пурраи худ ва роҳандозии умури дохилии худро ба даст оварад. Ин изҳорот дар пайи мулоқоти Карзай бо нахуствазири Ҳолланд Ян Питер Балкененде дар шаҳри Ҳейг (Гаага) садо дод. Балкененде гуфт, ки Ҳолланд, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо талошҳояшонро барои тамрини афсарони полиси Афғонистон афзун хоҳанд кард, аммо аз Афғонистон ҳам тақозо мешавад, ки барои бунёди нирӯҳои миллии полис кӯшиши бештар ба харҷ диҳад. Карзай қабл аз ширкат дар нишасти кишварҳои донори Афғонистон дар Париж аз Ҳолланд дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG