Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Принсипи кашфи конҳои нафт дар маркази гуфтугӯҳо


ИТАР-ТАСС-хабаргузории расмии Русия навиштааст,ки дар ҷараёни сафари Валерий Голубев - муовини ширкати Газпроми Русия ба Тоҷикистон ва дидору музокироташ бо мақомоти ин кишвар як созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар заминаи иктишоф ва баҳрабардорӣ аз захоири гази Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид. ИТАР-ТАСС ин иттиллоъро дар заминаи маълумоти дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир кардааст. Бино ба маълумоти вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон, навиштааст ин хабаргузорӣ, дар чаҳорчуби созишномаи дар моҳи майи соли 2003 ба имзорасида миёни Тоҷикистон ва Русия ширкати Газпром иҷозаи кашфу коркард дар ду кони бузурги гази Рангон ва Саргазон дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикстонро ба даст овардааст, ки коршиносони тоҷик захоири онро аз 30 то 35 миллиард кубометр баровард кардаанд. Тоҷикистон, ки аз захоири қобили мулоҳизаи гази табиӣ бархурдор аст, ҳамасола 1,2 миллиард метри кубӣ газро аз хориҷа ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG