Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Эрон барои нирӯҳои Амрико ба Ироқ ҳушдор дод


Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари руҳонии Эрон ба Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ, ки машғули боздид аз Эрон аст, бар зидди имзои қарордоди амниятии Амрико бо Ироқ ҳушдор додааст. Вошингтон ва Бағдод дар бораи як қарордоде бо ҳам дар ҳоли музокира ҳастанд, ки ҳузури нируҳои Амрико дар Ироқро баъд аз поёни муҳлати пешбиникардаи СММ дар поёни соли ҷорӣ танзим мекунад. Имруз Хоманеӣ дар мулоқот бо оқои Моликӣ гуфт, идомаи ҳузури нируҳои хориҷӣ "мушкили аслӣ"-и Ироқ аст. Як руз пеш нахуствазири Ироқ гуфт, аз хоки кишвараш ҳеҷ гоҳ чун пойгоҳи ҳамла ба Эрон истифода нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG