Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Ҷ. Буш аз Аврупо бо Словениё оғоз мешавад


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико барои дархости кумаки бештар ба Афғонистон аз кишварҳои аврупоӣ боздид мекунад. Вай дар ҷараёни ин боздид аз раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ҳамчунин хоҳад хост, ки ба Ирон фишори бештар ворид оранд ва дар масоили тағири иқлим бештар ҳамкорӣ кунанд. Вай қабл аз парвоз ба хабарнигорон гуфт, доллари қаввӣ ба суди Амрико хоҳад буд. Вай дар бораи маводи сухт гуфт:

"Ман ба дустон ва муттаҳидинамон дар мовварои уқёнус ёдоварӣ хоҳам кард, ки мо хеле пойбанди маводи сухт ҳастем. Мо бояд кор кунем ва технологияро тараққӣ диҳем, то камтар пойбанди маводи сухт бошем".
Боздиди Ҷорҷ Буш аз Аврупо аз 10-ум то 16-уми июн давом мекунад ва бо Словениё оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG