Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои РАО ЕЭС барои ширкат дар сохтмони "Роғун"


Мақомоти Интер РАО ЕЭС Руссия эълом кардаанд, ки омода нестанд дар консорсиюми эҳдоси ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон шикат кунанд. Мақомоти ин ширкат гуфтаанд, Интер РАО ЕЭС дар сурати дарёфти аз нисф зиёди саҳмия ё пакети контролии ниругоҳи барқи обии Роғун метавонад дар сохтмони ин ниругоҳ саҳм бигиранд. Борис Зверов-намояндаи расмии Интер РАО ЕЭС дар ин бора ба радиои Озодӣ хабар дод. Ҳафтаи гузашта, 6-уми июн Тоҷикистон ба таври расмӣ аз Руссия хост, ки ин кишвар дар чаҳорчубаи як консорсиюми байналмиллалӣ дар сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун саҳм бигирад.
XS
SM
MD
LG