Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди сенатори амрикоӣ аз Тоҷикистон оғоз шуд


Дар ҷараёни боздиди Ҷон Валентайн-сенатори аёлати Ютаи Амрико аз Тоҷикистон робитаи байни порлмонҳои ин ду кишвар баррасӣ мешавад. Оқои Валентайн барои як боздиди корӣ имруз вориди Душанбе шуд. Тибқи барномаи боздид сенатори амрикоӣ бо раҳбарони баъзе аз вазоратхонаҳо, аз ҷумла бо вазири хориҷаи Тоҷикистон, мулоқот мекунад. Вай дар соъатҳои аввали вуруд ба Душанбе бо Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маъорифи Тоҷикистон масоили омузишу парваришро баррасӣ кард. Қарор аст Ҷон Валентайн бо вакилони Маҷлиси Намондагон низ дидор ва гуфтугу кунад.

XS
SM
MD
LG