Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боронҳои сел 2 милион доллар зарар оварданд


Мактаби зарардида аз боронҳои сел

Мактаби зарардида аз боронҳои сел

Боронҳои сели ахир ба хоҷагиҳои чанд ноҳияи вилояти Суғд ҳудуди 2 миллион доллари ИМА хисороти моддӣ ворид намуд.

Бино бар иттилоъи CA-NEWS бо такя бар таъйиди ситоди вежаи Садорати оид ба ҳолатҳои изтирории вилояти Суғд, дар ҳоли ҳозир зарари расонидаи боронҳои сели ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Ғончӣ ҳисоб карда мешавад.
Бино бар хабари ситоди мазкур, боронҳои давомдори сели ҳафтаи гузашта ба ин ноҳия зарарҳои зиёди гарон ворид намудааст, ки аз ҳама зиёд деҳаҳои Дахкаӣ ва Хушекат ба ин зарарҳо мувоҷеҳ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол ситоди мазкур таъйид намуд, ки 15 хонаи истиқоматӣ комилан вайрон шуда, ду пули калон ба таври қобили таваҷҷуҳ тахриб дидаанд. «Ҳамчунин як фермаи чорводорӣ, ки дар он 50 сар чорвои калони шохдор нигаҳдорӣ мешуд, хароб шудааст», - ишора намуд як масъули ситод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз боронҳои сели ҳафтаи гузашта навоҳии Исфара, Спитамен, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров ҳам ба андозаи қобили таваҷҷуҳ зарари моддӣ диданд. Гуфта мешавад, дар ин навоҳии вилояти Суғд дар натиҷаи ин боронҳои сел, аз ҷумла, 256 хонаи истиқоматӣ, бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва майдонҳои кишти пахта зарар дидаанд.
Ба ҳисоби пешакии коршиносону мутахассисон, зарари моддии боронҳои ахири сел ҳудуди 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳид.
XS
SM
MD
LG