Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон хабарнигори афғони Би-Би-Си кушта шуд


Имруз Абдулсамад Руҳонӣ-хабарнигори ҷавони Би-Би-Си дар Афғонистон ба хок супурда шуд. Ду рузи пеш вай аз тири мусалсал куша шуда буд ва ҷасади вайро дар вилояти Ҳилманд пайдо карданд. Муҳаммадҳусейн Андивол-раиси пулиси вилоят гуфтааст, мақомот то ҳол намедонанд, ки Руҳонии 25-соларо киҳо рабудаанд ва ба қатл расондаанд. Ба гуфтаи вай, расидагӣ ба ин куштор идома дорад. Ҷасади Руҳонӣ баъд аз як рузи бедарак шудан рузи якшанбе пайдо шуд. Вай барои бахши паштуи Би-Би-Си аз вилояти Ҳилманд гузориш медод. Толибон гуфтаанд, ки дар ин куштор даст надоранд. Соли гузашта низ дар ин вилоят як рузноманигор кушта шуд. Бино ба хабарҳо, дар саросари Афғонистон рузноманигорон ба нишонаи эътироз бар зидди ин куштор даст ба тазоҳурот задаанд.
XS
SM
MD
LG