Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон шумораи афроди эъдомшуда ба сад нафар расид


Матбуъоти Эрон мегуянд, мақомоти ин кишвар дар вилояти Хуросони Шимолӣ мардеро барои қочоқи маводи мухаддир ба дор кашидаанд. Ин мард дар зиндони шаҳри Буҷнурд барои харидорӣ ва қочоқои маводи мухаддири мавсум ба кристал ё шиша эъдом шудааст. Ба ин тартиб, аз оғози сол то ҳол шумораи афроди эъдомшуда дар Эрон ба сад нафар расид. Амнести Интернешенал дар гузориши худ навишта буд, ба ҷуз аз Чин шумораи эъдомҳо дар Эрон дар соли гузашта аз ҳар кишвари дигар бештар будааст.
XS
SM
MD
LG