Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба даври баъдӣ роҳ ёфт


Дар ҳоле ки дар Австрия ва Швейтсария мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 ҷараён дорад, дар қорраи Осиё бозиҳои даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо ширкати 20 дастаи мунтахаби миллӣ дар 5 гурӯҳ баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи аввал Австралия аз дастаи Ироқ бо ҳисоби 0:1 мувоҷеҳи шикаст гардид. Қатар бар Чин бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард. Дар ин гурӯҳ феълан Австралия ва Қатар бо 7- имтиёзӣ пешсафанд.
Дар гурӯҳи 2-вум бозии Уммон бо Жопун ва Баҳрайн бо Тайланд бо ҳисоби якхелаи 1:1 хотима ёфтанд. Дар ин гурӯҳ алҳол Баҳрайн бо 10 имтиёз дар зинаи аввал ва Жопун бо 7 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудаанд.
Дар гурӯҳи 3-вум Куриёи ҷанубӣ бар Туркманистон ва Куриёи шимолӣ бар Урдун бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардиданд. Дар ин гурӯҳ ҳоло дастаҳои Куриёи ҷанубӣ ва Куриёи шимолӣ бо 8-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб кардаанд.
Дар гурӯҳи 4-ум Узбакистон бар Сингапур бо ҳисоби 1:0 ва Арабистони саъудӣ бар Лубнон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин гурӯҳ Узбакистон бо 12 имтиёз дар ҷои аввал ва Арабистони саъудӣ бо 9 имтиёз дар ҷои дувум қарор доранд. Дастаи миллии Узбакистон новобаста аз натоиҷи 2 бозии охирини худ пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Дар гурӯҳи 5-ум Эрон Аморати Муттаҳидаи Арабро бо натиҷаи 1:0 ва Кувайт Сурияро ба ҳисоби 4:2 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ Эрон бо 6 имтиёз дар ҷои аввал аст. Аморат ва Сурия 5-имтиёзӣ ба даст овардаанд.
Бозиҳои даври 5-уми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 рӯзи 14-уми июн баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG