Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Чавеc аз FARC барои хатми муқовимат


Раиси ҷумҳурии Венесуэла Ҳуго Чавеc аз раҳбарияти шӯришии нави Колумбия хост, ки ҳама гаравгонҳоро озод кунанд. Зимни сӯҳбаташ дар як барномаи телевизионӣ, вай ишора кард, ки ҷумбиши дарозмуддати шӯришиёни Амрикои Лотинӣ дигар маънои худро аз даст додааст. Ҳукумати Колумбия Чавеcро дар пуштибонии Нирӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия, мавсум ба FARC муттаҳам мекунад. Чавеc дар навбати худ ин гуна иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки тамоси вай бо шӯришиҳо танҳо дар доираи талошҳо барои раҳокунии гаравгонҳо маҳдуд мебошад.
XS
SM
MD
LG