Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи сафари Буш ба Аврупо


Имрӯз раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бо як сафари корӣ озими Аврупо хоҳад шуд. Дар ҷараёни сафар қарор аст вай аз Бритониё, Олмон, Итолиё, Ватикан ва Фаронса дидан кунад. Қарор аст вай дар кори нишасти Амрикову Иттиҳодияи Аврупо иштирок кунад, ки фардо дар Словения баргузор мешавад. Инчунин нишасти муҳими дигаре бо ширкати Ҷорҷ Буш конфронси донорҳои Афғонистон мешавад, ки рӯзи 12 июн дар Париж ташкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG