Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти 37 конкани украинӣ номаълум аст


Дар пайи таркиши газ дар як кони маъдани вилояти Донбасси Украина рӯзи якшанбе то ҳанӯз сарнавишти 37 конкан маълум нест. Мақомот мегӯянд, ки таркиш дар масофаи яккилометрии зери замини кони Карл Маркс рӯй дод. Муовини аввали нахуствазири ин кишвар Олександр Турчинов дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар назди кони ангишт гуфт, ки гурӯҳи наҷотбахшон баъди кӯшиши ворид шудан ба дохили кон тавассути даромадгоҳҳои дигар гуфтанд, ки садоҳои конканҳоро шунидаанд. Вай гуфт, ки умед барои зинда берун кашида шудани онҳо зиёд аст. Дар конҳои ангишти Украина таркишҳо зиёд рӯй медиҳад ва сабаби ин ғолибан риоя нашудани қоидаи кор гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG