Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Чордараи Қундуз


Ҳамлаи интиҳорӣ дар улусволии Чордараи вилояти Қундуз, дар шимоли Афғонистон, имрӯз худи маргталабро кушта ва се нафари ғайринизомиро захмӣ бар ҷой гузошт.

Пулис мегӯяд, маргталаб вақте мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираашро тарконд, ки маъмурони пулис ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ӯ ба нирӯҳои афғонӣ ё байналмилалӣ ба таъқиби ин ҳамлагар пардохта буданд.

Дар ҳамин ҳол, як марди дигар ҳангоми дар зери як пул ҷобаҷо кардани маводи мунфаҷира дар вилояти Хуст захмӣ шудааст. Инфиҷори пеш аз вақти ин бомб ҳамин тавр як раҳгузарро маҷрӯҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG