Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Маликӣ бо Аҳмадинажод


Сарвазири Ироқ Нурӣ Маликӣ имрӯз дар Теҳрон бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кардааст.

Маликӣ ба хотири анҷоми як дидори дурӯза рӯзи шанбе вориди Эрон шуд. Як мавзӯъи умдаи мулоқотҳои ӯ бо мақомоти эронӣ тарҳи созишномаи амниятӣ байни Ироқу Амрикост, ки Эрон ба он шадидан мухолиф аст. Матуботи Эрон аз қавли Нурӣ Маликӣ мегӯяд, Ироқ иҷоза нахоҳад дод, ки аз қаламраваш ба хотири осеб расондан ба амнияти Эрон истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG