Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаура Буш вориди Афғонистон шуд


Лаура Буш, ҳамсари президенти Амрико бо як сафари ногаҳонӣ вориди Афғонистон шуд. Намоиши пешрафтҳои бадастомада дар ин кишвари ҷангзада ҳадафи аслии сафари хонуми аввали Амрико гуфта мешавад. Мулоқоти Лаура Буш бо раисиҷумҳури Афғонистон дар назар буда, ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс, интизор меравад, ки хонум Буш аз вилояти Бомиён, аз маҳалли ду муҷассами бузург ва қадимаи Будо, ки Толибон ҳардуро тахриб карданд, низ дидан кунад.

Сафари Лаура Буш ба Афғонистон дар остонаи анҷумани кӯмакрасонҳои Афғонистон сурат мегирад.

Ин анҷуман рӯзи 12 июн дар Порис оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG