Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурӣ Маликӣ, сарвазири Ироқ дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Теҳрон бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кард.

Як мавзӯъи аслии ин мулоқот тарҳи созишномаи амниятии Ироқу Амрикост, ки Эрон ба он шадидан мухолиф аст. Ин созишнома шароити будубоши пойгоҳҳои низомии Амрико дар қаламрави Ироқро таъйин хоҳад кард.

Нурӣ Маликӣ ба хотири таскин додани Теҳрон дар мавриди ин созишнома гуфт, давлати ӯ иҷозат нахоҳад дод, ки аз хоки Ироқ ба ҳайси пойгоҳе истифода шавад, ки аз он амнияти Эрон ва кишварҳои дигари ҳамҷавор осеб бубинад.

Дар пайи мулоқоти ӯ бо вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ, як шабакаи давлатии телевизиони Эрон аз қавли сарвазири Ироқ нақл кард, ки гуфтааст, Ироқ ба амнияти Эрон аҳамияти бузургеро қоил ҳаст.

Телевизиони IRIB дар саҳифаи интернетиаш ҳамчунин хабар дода, ки Маликӣ дар Теҳрон бо вазири иттилооти Эрон Ғуломҳусайн Мӯҳсини Эҷеӣ низ мулоқот кардааст.

Эрон мухолифи музокироти байни Бағдоди Вошингтон пиромуни шароити ҳузури низомии Амрико дар Ироқ дар пайи хатми замони будубоши нирӯҳои он кишвар, яъне сар аз поёни соли ҷорист. Эрон мегӯяд, ин созишнома роҳро барои таъсиси пойгоҳҳои доимии низомии Амрико дар қаламрави Ироқ, яъне дар остонаи дари Эрон, ҳамвор мекунад.

Изҳори нигарониҳои Эрон аз эҳтимоли имзои чунин созишнома байни Ироқу Амрико дар ҳолест, ки барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон ҳамчунон мояи танишҳо байни Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ боқӣ мемонад. Амрико бар ин бовар аст, ки Эрон дар зери либоси барномаи тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ мехоҳад дар асл ба тавлиди таслиҳоти ҳастаӣ даст биёбад. Вале Теҳрон ин иддаоро ҳамеша радд кардааст.

Дар дидор ва гуфтугӯҳои Маликӣ бо мақомоти баландпояи эронӣ дар Теҳрон ҳамчунин баҳси масоили дахолати Эрон дар умури Ироқ, аз ҷумла пуштибонии Теҳрон аз шибҳанизомиёни шиъа, ки дар авоили соли ҷорӣ алайҳи нирӯҳои Амрико ва давлати Ироқ меҷангиданд, дар назар аст.

Рӯзи якшанбе, дар вақте ки Маликӣ дар пойтахти Эрон ба сар мебурд, аз Бағдод дар бораи боздошти як ироқии тоҷири таслиҳот ва раҳбари як гурӯҳи ҷангӣ гузориш расид, ки ба ҳамлу нақли шибҳанизомиёни шиъа ба хотири тамрин дар хоки Эрон низ муттаҳам мешаванд. Сарвазири Ироқ Нурӣ Маликӣ, ки аз шиъаҳо намояндагӣ мекунад, танҳо дар соли равон бори дуввум аст, ки аз Эрон дидан мекунад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди аҳмадинажод низ дар моҳи март ба Ироқ сафари расмӣ дошт.

Дар даврони Саддом Ҳусайн, ки аз сунниҳои Ироқ буд, Эрону Ироқ тайи 8 сол даргири ҷанги хунине буданд, ки аз ҳарду ҷониб, бино ба оморҳо, ҳудуди 1 миллион кушта бар ҷой гузошт. Аммо дар пайи ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Ироқ давлати Саддом Ҳусайн суқут кард ва намояндагони шиъаҳои ироқӣ ба қудрат расиданд, ки акнун талош доранд, равобитро бо Эрон, ки низ аксарияти ҷамъияташро шиъаҳо ташкил медиҳанд, беҳбуд бахшанд.

XS
SM
MD
LG