Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев моҳи август ба Душанбе меояд


Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия гуфтааст, ки Дмитрий Медведев нахустин сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба ҳайси президенти Русияро дар поёни моҳи август анҷом хоҳад дод. Сафари Медведев ба Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир хоҳад шуд, ки қарор аст, дар Душанбе баргузор шавад.

Ба гуфтаи Приходко, Медведев ҳамин тавр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ҳамсӯд дар моҳи сентябр ба Қирғизистон низ сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Вале боздиди раисиҷумҳури ҷадиди Русия аз Туркманистон дар авоили моҳи июл барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG