Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия -Швейтсария 1:0, Португалия - Туркия 2:0


Рӯзи шанбе, 7 июн, мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо бо 2 бозӣ дар гурӯҳи А оғоз ёфт.

Тими Чехия дар варзишгоҳи Базел бар тими Швейцтсария, мизбони Ҷоми имсолаи Аврупо бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 70-ум Сверкош зад. Аммо дар бозии дуввуми ин гурӯҳ бо шарофати тӯбҳои задаи Пепе дар дақиқаи 61 ва Раул Мейрелеш тими Португалия бар ҳарифони худ аз Туркия бо натиҷаи 2:0 дастболо шуд.

Имрӯз 2 бозӣ дар гурӯҳи Б баргузор мешавад. Олмон бо Лаҳистон ё худ Полша ва мизбони дуввуми ин мусобиқот – Австрия бо Хорватия ба дидори ҳам хоҳанд рафт.

XS
SM
MD
LG