Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии G8 аз афзоиши нархи нафт


Рӯзи якшанбе қудратҳои бузурги саноатии ҷаҳон нигаронии муштараки худ пиромуни афзоиши фавқулоддаи нархҳои ҷаҳонии нафти хом изҳор доштанд. Нишасти вазирони энержии кишварҳои узви гурӯҳи G 8, ки 8 қудрати бузурги иқтисодии дунё – Амрикову Канада, Ҷопону Бритониё, Фаронсаву Олмон ва Итолиёву Русияро муттаҳид мекунад, бо ҷамъи ҳамтоёни худ аз Чину Ҳинд рӯзи 8 июн дар Токио, пойтахти Ҷопон доир шуд.

Мизбони ин нишаст, вазири энержии Ҷопон Акира Амари гуфт, агар нархи нафт дар чунин қуллаи баланд боқӣ бимонад, ин ҳол метавонад ба раванди пасрафт ё худ ретсессияи иқтисоди ҷаҳон оғоз гузорад.

Рӯзи ҷумъа арзиши як бушкаи нафти хом дар бозори Ню-Йорк ба нуқтаи бесобиқаи 139 доллар расид.
XS
SM
MD
LG