Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии коргардони тоҷик Юнус Юсуфӣ таҳти унвони «Тири тақдир» доир шуд.

Филми мазкур бар асоси қиссаи ҳамноми нависанда Василий Шукшин «Тири тақдир» рӯи навор омада, ки аз мушкилоти иҷтимоии рӯзгори имрӯз ҳикоят мекунад. Қаҳрамони филм ҷавонест, ки тири ба истилоҳ тақдир, дар кӯдакӣ тавассути як марди мубтало бар маводи мухаддир ба пои ӯ мерасад ва ланг мешавад. Зиндагии бо мушкили фаровони ин ҷавон ҳамроҳ бо ишқ аст. Дар ниҳоят қаҳрамони филм, боз ҳам бо амри тақдир худаш ин навбат ҳини шикор тире меандозад, ки боиси наҷоти инсон мешавад. Ин тири андохта боиси ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба номуси духтаре мешавад. Духтаре, ки баъдан ҳамсари қаҳрамони филм мешавад. Ҳарду ҳам тири тақдир, аммо яке инсонеро наҷот медиҳад ва дигаре боиси маъюбии инсон дар тамоми зиндагӣ мешавад.

Шӯҳрат Раҳматуллоев ва Баҳрӣ Кабирова, ҳунарпешаҳои ҷавони тоҷик нақшҳои аслии «Тири тақдир»-ро иҷро кардаанд.

Аммо билофосила баъди анҷоми муаррифии «Тири тақдир» коргардон Юнус Юсуфӣ ба наворгирии филми дигаре бо номи «Гумгаштапайдо» оғоз кардааст.

Гуфтанист, ҳамзамон, чор филми офаридаи филмсозони тоҷик: Шодӣ Солеҳ, Денис Бекетов, Зулфия Содиқова ва Искандар Усмонов барои ширкат дар кинофестивали байналмилалии филми Кобул баргузида шудаанд. Ҳунарманди тоҷик Шодӣ Солеҳ Тоҷикистонро дар ҷашнвораи филми Кобул, ки аз 5 то 10 июл доир мешавад, намояндагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG