Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз баҳси ҳиҷоб дар Туркия гарм мешавад


Раиси Маҷлиси қонунгузори Туркия даъват кард, ки дар ин кишвар қонуни нави асосӣ қабул шуда, ҳамзамон бо коҳиши салоҳияти Додгоҳи конститутсионӣ Маҷлиси Болоӣ барқарор гардад. Коксал Топтан Додгоҳи конститутсиониро бо берунравӣ аз салоҳиятҳояш муттаҳам кард. Рӯзи панҷшанбе Додгоҳи конститутсионии Туркия ҳукм баровард, ки қонуни лағви манъи ҳиҷобпӯшӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар аз эътибор соқит шавад. Ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти Туркия қонун дар бораи лағви манъи ҳиҷобпӯширо тарҳрезӣ намуда, иброз доштааст, ки ин масъала бо диндоривуозодиҳои шахсӣ иртибот дорад. Аммо тарафдорони сохти дунявии давлатдории Туркия ҳиҷобро рамзи исломи сиёсӣ меноманду кӯшишҳои иҷозати ҳиҷобпӯшӣ дар мактабҳоро ҳамла ба қонунҳои дунявии Туркия унвон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG