Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин ҷаласаи Маҷлиси нави Гурҷистон доир шуд


Рӯзи шанбе аввалин ҷаласаи даъвати нави Маҷлиси қонунгузори Гурҷистон доир шуд. Мухолифин мақомоти нозири интихоботро бо тақаллуб маҳкум намуда, аз ширкат дар ҷаласа саркашӣ карданд. Рӯзи шанбе онҳо чанд сад нафар тарафдоронашонро дар рӯ ба рӯи Маҷлиси қонунгузори Гурҷистон ҷамъ карданд, вале барномаи танзими эътирози дастаҷамъӣ барбод рафт, зеро ҷаласаи Маҷлиси қонунгузор бо фармони президенти ин кишвар Михеил Саакашвилӣ се рӯз пеш аз нақша баргузор гашт ва мухолифин натавонистанд гирдиҳамоиро танзим намоянд.
Интихоботи баҳсбарангези моҳи гузашта мавқеи президенти Гурҷистонро таҳким бахшид. Бар пояи омори расмӣ аз 150 курсии М аҷлиси қонунгузори Гурҷистон 119-то насиби номзадҳои ҳизби ҳоким шудаанд.
XS
SM
MD
LG