Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф нақши генерали ташрифотиро қабул надорад


Президенти Покистон Парвез Мушарраф бо ишора ба овозаҳо дар матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳеҷ барномаи истеъфои фаврӣ ва ё муҳоҷиратро тарҳрезӣ накардааст. Дар ҳоле, ки ҳукумати Покистон ислоҳоти фарогири қонуни асосӣ ва коҳиши салоҳиятҳои президентро пешниҳод кардааст, Мушарраф мегӯяд, ӯ намехоҳад, ки нақши президент фақат бо ташрифот дар маросими давлатӣ маҳдуд шавад.
Мушарраф, ки соли 1999 дар натиҷаи як табаддулоти давлатӣ сари қудрат омадааст, худро ҳар чӣ бештар дар инзивоъ мебинад. Дар интихоботи моҳи феврал ҳизбҳои пуштибон аз Мушарраф ноком шуда, сарнавишти минбаъдаи ӯро зери суол гузоштанд.
XS
SM
MD
LG