Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Туркия эҳёи манъи ҳиҷобро маҳкум кард


Ҳизби ҳокими Туркия қарори Додгоҳи конститутсионии ин кишварро, ки манъи ҳиҷобпӯшӣ дар донишгоҳҳои Туркияро барқарор намудааст, маҳкум кард. Муовини раиси ҳизби исломии Адолат ва тараққиёти Туркия Денгир Мир Маҳмад Фирот гуфт, ҳукми додгоҳ дахолат ба ваколатҳои Маҷлиси қонунгузор буда, ба усули тақсими қудрат мухолиф мебошад.
Фирот баъди ҷаласаи шашсоатаи раҳбарон ин ҳизб изҳорот пахш намуд.
Рӯзи панҷшанбе Додгоҳи конститутсионии Туркия изҳор намуд, ки қарори лағви манъи ҳиҷобпӯшӣ дар донишгоҳҳо мухолифи усули дунявии давлатдории ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG