Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев: ИМА масъули бӯҳрони ҷаҳонӣ мебошад


Дар аввалин арзёбии вазъи иқтисодӣ аз замони пирӯзӣ дар интихоботи президентии Русия раисҷумҳури ин кишвар Дмитрий Медведев ИМА-ро масъули бӯҳрони ҷаҳонӣ номида, иброз дошт, ки Маскав ба кумак омода аст.
Рӯзи шанбе аснои суханронӣ дар Анҷумани иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург Медведев гуфт, иқдомҳои аз ҳад зиёд бебоки ширкатҳои бузурги молии ИМА ва "сиёсатҳои молии султаҷӯёна"-и ИМА бӯҳрони кунуниро ба вуҷуд овардаанд.
Президенти Русия мегӯяд, кишвараш ба саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилӣ омодааст.
"Имрӯз Русия бозингари миқёси ҷаҳонӣ мебошад ва мо мефаҳмем, ки дар сарнавишти олам масъулият дорем. Мо мехоҳем дар тарҳрезии қонунҳои нави бозӣ иштирок намоем. Аммо на ба далели даъвоҳои султаталабӣ, балки аз он сабаб, ки мо имкон ва захираи муносиби онро дар ихтиёр дорем."
Ба ақидаи Медведев феълан ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба муолиҷаи мушкили иқтисодии ҷаҳон омода нестанд ва Русия мехоҳад дар тағйири сохтории ин ниҳодҳо нақш дошта бошад.

XS
SM
MD
LG