Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт беш аз 10 доллар боло рафт


Рӯзи ҷумъа нархи нафти хом беш аз 10 доллар боло рафт. Ин бузургтарин афзоиш дар як рӯз аст, ки ҳамзамон бо поинравии қимати саҳмияҳо дар бозорҳои амрикоӣ ва афтидани қурби доллар ба вуқӯъ пайвастааст.
Рӯзи ҷумъа нархи нафте, ки дар моҳи июл ворид хоҳад шуд, ба якборагӣ то 139,12 доллари Амрико боло рафт. Сипас каме поин шуда ба 138,54 доллар баробар шуд.
Дар моҳи май нархи нафт як дафъа ба 135 доллар дакка хӯрда буд. Коршиносон болоравии нархи нафтро бо афзоиши ташаннуҷ миёни Исроилу Эрон ва нигарониҳо аз вазъи иқтисоди ИМА иртибот медиҳанд.
Рӯзи ҷумъа қурби доллар дар муқобили йен ва евро боз ҳам заифтар шуд. Бар илова идораи омори ин кишвар иттилоъ дод, ки мизони бекорӣ дар Амрико ба 5,5% мусовӣ гаштааст, ки дар муқоиса бо моҳи пештара 0,5% бештар аст.

XS
SM
MD
LG