Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти ғайрирасмии сарони СНГ дар Санкт-Петербург


Дар шаҳри Санкт-Петербург дар арафаи Форуми байнулмилалии иқтисодӣ нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ доир шуд. Дар чаҳорчӯби ин нишаст музокироти миёни раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва президенти Укроин Виктор Юшенко баргузор гардид ва дар он, аз ҷумла, қазияи ҳузури Флоти баҳри сиёҳии Русия дар Севастопол баррасӣ шуд. Маскав Киевро огаҳ кард, ки аз рӯзи 1 январи соли 2009 ум қимати гази Русия барои Укроин қариб ду баробар афзоиш меёбад. Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин бо сарони Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Туркманистон ва Узбакистон дидору гуфтугӯ дошт. Дар нишасти Санкт-Петербург раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG