Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди вазири Исроил ба Эрон


Шоул Мофаз, вазири нақлиёт ва муовини сарвазири Исроил дар сӯҳбат ба як нашрияи маҳаллӣ изҳор дошт, ки дар сурати муаассир набудани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид болои Теҳрон барои қатъи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ, ҳамла болои Эрон ногузир ба чашм мерасад. Ӯ гуфтааст, ки "агар Эрон барномаи ҳастаияшро идома диҳад, мо болои ин кишвар ҳамла хоҳем кард". Теҳрон мегӯяд, ки ҳадаф аз барномаи ҳастаии кишвар дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест.

Изҳороти Шоул Мофаз нахустин таҳдиди мушаххас ба Эрон аз сӯи зимомдорони феълии Исроил аст. Ва аммо баъзе коршиносон мегӯянд, ки ин изҳорот аслан барои сокинони Исроил пешбинӣ шудааст ва ҳадаф - талоши дарёфти мақоми сарвазири кишвар дар сурати бар асари моҷарои ришват аз мансаб канор рафтани Эҳуд Олмерт мебошад.

XS
SM
MD
LG